Онлайн-марафони
«Кило контент»
Онлайн-марафони "Кило контент" аз Мактаби расонаии CABAR.asia оид ба таҳияи муҳтавои босифат дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Насли нави чеҳраҳои таъсиргузори бомасъулият, боэътимод ва беғаразро дар Осиёи Марказӣ тарбия мекунем
Инчунин мехоҳед, ки Сафири Мактаби расонаии CABAR.asia шавед, туҳфаҳои арзишманд бурд кунед
ва аз ҳама муҳим роҳхати сафар ба Англияро ба даст биёред?
Пас, дар онлайн-марафони "Кило контент" иштирок намоед.

Марафон дар 4 давр баргузор мешавад, ту метавонӣ дар ҳар даври он иштирок намоӣ, барои иштирок ягон маҳдудият нест. 3 ғолиби ҳар давр аз ҳар кишвар метавонанд барои шоҳҷоиза – дарёфти унвони Сафир ва роҳхати сафари омӯзишӣ ба Англия талош кунанд.

Ин марафон барои кӣ аст?
Ҳадафи аслии марафон – таҳияи муҳтавои босифат ва беғарази рақамӣ мебошад. Муҳтавое, ки метавонад дар мубориза бо иттилои бофта кумак намуда, қиссаҳоеро нақл кунад, ки то ин вақт нашунида будед.
Мақсади мо – пешниҳоди имкон ба чеҳраҳои таъсиргузорест, ки барои шарҳҳои худ масъулият эҳсос мекунанд, хабарҳои бардуруғро паҳн намекунанд, балки ҷомеа ва кишварҳои худро новобаста ба он ки бузург ё хурд ҳастанд, тавсеа мебахшанд.
Марафон чӣ тавр баргузор мешавад?
*мутмаин шавед, ки почтаи электрониеро навиштаед, ки пайваста онро аз назар мегузаронед.
Қадами 2
Интизорӣ
Чанд рӯз қабл аз оғози марафон шумо номаеро дарёфт мекунед, ки дар он қадамҳои минбаъда навишта шудаанд. Онҷо пайванд ба телеграм-боти мо ирсол мешавад, ки шуморо ба чати лозим дар телеграм роҳнамоӣ мекунад.

Онҷо бояд пайвандҳо ба шарҳҳое, ки барои марафон ҳастанд, ирсол карда шаванд. Ин барои он анҷом дода мешавад, ки шарҳҳои шумо аз мадди назари мо дур намонанд ва ҳатман дар охир онҳоро баҳогузорӣ кунем.
Қадами 3
Создание контента
Таҳияи муҳтаво. Дар сомона мавзӯъҳои шарҳҳо барои марафон нашр шудаанд. Вазифаи шумо – таҳияи муҳтаво дар ин мавзӯъҳо ва нашр кардани онҳо то соати 11-и шаб ба вақти Душанбе/Тошканд ва ё 12-и шаб ба вақти Бишкек/Нур-Султон мебошад. Ба ҳар шарҳи худ ҳаштаги #учатвшколеcabarasia #марафонcabarasia гузошта, саҳфаҳои моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ намоед.
Қолаби шарҳҳо метавонад гуногун бошад: видео, матн, тасвир, аниматсия, графика. Аммо, мо ва аудитория халоқият ва чандрасонаиро хеле дӯст медорем ва қадр мекунем:)
Баррасиҳо
Барои иштирок кардан дудила шудаед? Ғолибони марафони гузаштаи моро бубинед. Қиссаи муваффақияти 6 нафар аз Осиёи Марказӣ.
Марафон №3 Сабти ном
Мӯҳлати охирини сабти ном: 2 ноябр, 22:59 (Душанбе, Тошканд)
ва 23:59 (Бишкек, Нур-Султон)
You agree with our Terms and Conditions
Марафон №3
Сторителлинги видеоӣ. Масъулияти ҷамъиятӣ дар фазои интернет
Сана:
2-6 ноябр соли 2020

Тамоми шарҳҳо бояд дар шакли видеоӣ таҳия шаванд (кэпшн, аниматсия, стопмоушн)
Ғолиб чӣ тавр муайян мешавад
Дар ҳар марафон комиссияе амал мекунад, ки иборат аз кормандони дафтари IWPR, ҳамоҳангсози лоиҳа дар Осиёи Марказӣ мебошад. Комиссия шарҳҳоро аз рӯи меъёри зер баҳогузорӣ мекунад:

  1. Халоқият
  2. Бозкушоии мавзӯъ
  3. Эътимоднокӣ
  4. Низоъ ва ҳассосияти гендерӣ
  5. Маҳорати ҷалби мухотабон – маҳорати ба вуҷуд овардани мубоҳиса (шумора ва сифати комментҳо)
  6. Сторителлинг
Хеле муҳим аст, ки ҳангоми навиштани шарҳҳо ҳуқуқи муаллифӣ дар истифодаи мусиқӣ ва акс риоя шавад. Аз ҷумла:
1
- Истифодаи акс ва тасвир зери литзенсия ё иҷозатномаи CCo Licenses (маълумоти бештар инҷост)
2
Истифодаи фотостокҳо, ҲАТМАН ба навъи иҷозатнома таваҷҷуҳ кунед (Fotolia, Photogen, Firestock, Morguefile, Flickr)
3
Иҷозат хостан аз дорандаи ҳуқуқи муаллифӣ
4
Нишон додани муаллиф ва манбаи иқтибосот
5
Истифодаи эмбедҳо
(муфассалтар инҷост)
6
Истифодаи хизматрасониҳои оҳангҳои ройгон ва пулакӣ
(Freemusicarchive, Youtube)
Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки матн ва видеои шумо бояд ҳадди ақал 70 дарсад беназир бошад. Ҳамаи шарҳҳо дар "антиплагиат" санҷида мешаванд. Агар дар шарҳи шумо иқтибос истифода шуда бошад, бояд манбаи он нишон дода шавад. Дуздии муҳтавои дигарон амали нангин аст (ай, ай, ай)

Танҳо аз саҳфаҳои шахсӣ метавонед иштирок кунед.
FAQ
  • Савол
    Марафон дар кадом шабакаҳои иҷтимоӣ гузаронда мешавад?
    Ҷавоб
    Дар марафон корбарони Facebook, Instagram, VK.com, TikTok, Twitter, каналҳои Telegram ва Viber иштирок карда метавонанд.
  • Савол
    Оё шумораи обуначиҳо ба ғалабаи ман таъсиргузор ҳаст?
    Ҷавоб
    Танҳо сифати муҳтаво ба пирӯзии шумо таъсир карда метавонад.
  • Савол
    Оё ҳар нафар метавонад дар марафон иштирок кунад?
    Ҷавоб
    Дар марафон дилхоҳ нафар метавонад иштирок кунад, аммо дар озмун барои дарёфти ҷоиза танҳо корбарони Instagram, TikTok, Twitter (ҳадди ақал 100 обуначӣ), каналҳои Telegram, Viber, YouTube (ҳадди ақал 50 обуначӣ), корбарони Facebook, VK.com (ҳадди ақал 500 дӯст) метавонанд иштирок намоянд.
  • Савол
    Ман 18-сола ҳастам, метавонам дар марафон иштирок кунам?
    Ҷавоб
    Дар марафон дилхоҳ сину сол/ҷинс/миллат ҳаққи иштирок карданро дорад. Аммо барои дарёфти ҷоизаҳо танҳо шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки аз 18 то 30 сол (то 1 январи 2021) доранд, талош карда метавонанд.
  • Савол
    Оё аккаунтҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бояд боз бошанд?
    Ҷавоб
    Бале, замони баргузории марафон ва то эълони натиҷаҳои ниҳойӣ аккаунтҳо бояд барои тамоми корбарон боз бошанд.
  • Савол
    Агар ман хоҳам, ки дар марафони дуюм иштирок кунам, бояд ҳамин ҳоло сабти ном кунам?
    Ҷавоб
    Не, ҳар марафон раванди сабти номи худро дорад ва зарур аст ки ба ҳар кадоми он алоҳида сабти ном карда шавад.
  • Савол
    Ман каме сардаргум шудам, чанд ғолиб мешавад ва оё дар ҳар марафон иштирок кардан ҳатмӣ аст?
    Ҷавоб
    Дар ҳар марафон аз ҳар кишвар 3 ғолиб муайян мешавад (ҷойи 1,2, ва 3), дар натиҷа 12 ғолиб дар як марафон. Ғолибони як марафон наметавонанд барои ҷоизаҳои марафони дигар талош кунанд, аммо метавонанд дар онҳо иштирок намоянд.
  • Савол
    Чаро маҳдудияти синусолӣ то 30?
    Ҷавоб
    Мухотабони аслии мо – ҷавонони Осиёи Марказӣ ҳастанд, аз ин рӯ чунин меъёр муайян шудааст. Аммо ҳамзамон барои ҳама имкони иштирок карданро медиҳем, то тавонанд дар ҷараёни марафон омӯзанд ва малакаҳои таҳияи муҳтаворо (сторителлинг, саводи расонаӣ, фактчекинг ва ғ.ҳ) беҳтар кунанд.
Марафонҳо дар доираи Мактаби расонаии CABAR.asia баргузор мешаванд

Платформаи омӯзишии «Мактаби расонаии CABAR.asia» охирҳои соли 2018 аз ҷониби Намояндагии IWPR дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд. IWPR – созмони расонаии ғайритиҷоратии байналмилалӣ буда, барои рушди ВАО-и маҳаллӣ, рӯзноманигорони мустақил ва озодии сухан саҳм мегузорад. Барномаҳои IWPR дар 30 кишвари ҷаҳон, бо шумули кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Шарқи Наздик, Қафқоз, Африқо, Амрикои Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ амал мекунанд. IWPR фаъолияти худро дар Осиёи Марказӣ аз соли 1999 шурӯъ кардааст.